Тоҷикӣ

Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки фанноварии HAMR чӣ гуна кор мекунад? - *Навиштании Магнитии Гармӣ (HAMR). Зулфидин як пӯёнамои ҷолиб офаридааст, ки асли асоси фанновариро намоён мекунад. Аз пӯёна дилгир намешавед, даст медиҳам! (*Агар табиатшиносӣ хушатон наояд). Баҳра баред!

Имрӯз (22 июл), соли 1989, забони мо - Тоҷикӣ (Порсӣ) - мақоми давлатӣ пайдо карда, ҷойгузини забони русӣ шуд.

Пеш аз ин чӣ ҳолат дошт? Иқтибосе аз википедия:

“Баръакс, онҳо сиёсати руссикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро (бевосита, бо нишондоди роҳбарияти ҲКИШ -КПСС) амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба, мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид.”

Савол ба миён меояд, ки дар ҳамсоя кишварҳо чӣ намуд қонунгузориҳо қабул гардидаанд: